ПАЁМИ БАҲОРИИ ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН ИН ДАФЪА АЗ ИҚБОЛ АСТ

Курбонали Рахмон

Курбонали Рахмон

Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раҳбари бадеии ансамбли давлатии «Сомон» дар садади анҷом додани омодагиҳои як барномаи консертӣ аз эҷодиёти шоири бузург аллома Муҳаммад Иқбол таҳти унвони «Паёми Машриқ» мебошад. Ин овозхони маъруф талош дорад, ки 12 ғазали ноби ба форсӣ гуфтаи аллома Иқболро барои нахустин бор дар либоси тарона пешкаши алоқамандони садои гирои худ кунад. Аксари оҳанги ин таронаҳои тозаэҷод моли худи Қурбоналӣ Раҳмон мебошанд. Як қисми дигари оҳанги ин таронаҳо сохтаи овозхони маъруф ва донишманд Ҷӯрабек Назриев, устоди Қурбоналӣ Раҳмонов ҳастанд. Читать далее

Рубрика: Мақолаҳо | Метки: | Оставить комментарий

Дар ҷустуҷӯи маърифат

Курбонали Рахмон

Курбонали Рахмон

Расо як сол пеш, рӯзи 24 апрели соли 2009 дар ҳунари мусиқии тоҷик рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки агарчӣ ба он мусиқашиносону кормандони ин соҳа чандон таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир накарда бошанд ҳам, вале ба андешаи мо онро барҳақ саҳифаи тозае дар ҳаёти фарҳангии кишвар гуфтан мумкин аст. Аввалин маротиба дар саҳнаи мусиқии касбии тоҷик расман барномаи консертие аз ҷониби як ҳунарманд пешкаши алоқамандони созу наво гардид, ки он пурра Худову (ҷ) Расули акрам (с), дӯстони Худо ва бузургони дини мубини исломро васф мекард. Читать далее

Рубрика: Мақолаҳо | Метки: | 1 комментарий

«Фарзанди падар» — суруди нави Қурбоналӣ Раҳмон

Курбонали Рахмон

Курбонали Рахмон

Кадоме аз таронаҳои ахиран эҷодкардаи овозхонҳои тоҷик имрӯз харидори бештар дорад? Бо чунин савол мо ба чанде аз соҳибони дӯконҳои дискфурӯшии бозорҳои «Саховат», «Корвон» ва «Шомансур»-и пойтахт муроҷиат кардем. Аксаран ҷавоб медоданд, ки дар ҳамин шабу рӯз  се суруд  серхаридортар аст. Якум суруди нави Манижа Давлатова «Ватан», дуввум суруди Садриддини Наҷмиддин «Зиндагӣ чист?» ва саввум суруди Қурбоналӣ Раҳмон «Фарзанди падар». Читать далее

Рубрика: Мақолаҳо | Метки: | 9 комментариев